Ба мактаб бурдани телефон ва истифодаи он зимни дарсҳо аз сӯи хонандагон гоҳе дарди сари ҷиддии волидайни мактаббачаҳо мешавад. Ин баҳс солҳо боз идома дорад. То куҷо ба дарс бурдани телефон ва истифодаи он дар ҳудуди мактаб иҷозат аст? Кӯшиш кардем, ба ин ва дигар саволҳо аз Вазорати маориф ва илми тоҷикистон посух дарёбем.
– Бо телефон ба мактаб омада, онро танҳо ҳангоми дарс истифода кардан мумкин аст?
- Бале. Дар қонуни “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълими тарбияи фарзанд” овардани телефон ба мактаб манъ нашудааст. Аммо истифодаи телефон дар вақти дарсҳо манъ аст. Ин масъулият ба дӯши волидайн ва маъмурияти мактаб вогузор шудааст.
– Яъне истифодаи он дар вақти танаффус манъ нест?
- Бале, дар қонун ин мустақиман манъ нашудааст.

– Оё истифодаи телефон дар вақти дарс ҳатто барои дидани вақт ҳам мумкин нест?
Истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми дарс ҳатто барои дидани вақт манъ аст. Дар вақти танаффус иҷоза дода мешавад.
– Гоҳо падару модарон нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи рейду санҷишҳо дар мактаб телефони фарзандонашонро ҳатто агар дар даруни ҷузвдонашон бошаду истифода накунанд ҳам мегиранд. Оё чунин кор қонунӣ аст? Кӣ ба гузаронидани чунин санҷишҳо ҳақ дорад?
- Муассисаи таълимӣ ба мусодираи телефон мобилӣ аз хонанда, ки дар вақти дарс истифода намешавад, ҳуқуқ надорад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки чунин кофтуковҳо гузаронад.
– Агар кӯдак ба мактаб на смартфон, балки телефонии одӣ орад, ки бо он метавон танҳо занг зад, онро метавонанд гиранд?
- Дар қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон таълиму тарбияи фарзанд” овардани телефон ба мактаб манъ нашудааст. Аммо такрор шавад ҳам, мегӯем, ки ҳама гуна истифодаи телефон, муҳим нест кадом намуди телефон, ҳангоми дарс манъ аст.
– Аллакай вақте ки кӯдак аз дарвозаи мактаб ба берун мебарояд, метавонад аз телефон истифода кунад?
- Бале, талаботи қонун танҳо дар вақтҳои хониш дар мактаб амал мекунад.

– Бо кӯдак ҳодисаи фавқулода рух дод, ба волидайнаш хабар додан лозим аст. Оё кӯдак метавонад аз телефони худаш истифода барад?
- Бале, ин имконпазир аст. Ғайр аз ин, дар сурати зарурат хонанда бо волидайнаш метавонад аз телефони омӯзгор, мудири муассиса ва телефони кории мактаб тамос гирад. Дар чунин ҳолатҳо ба ҳифзи ҳаёти кӯдак ва тамос бо волидайнаш афзалият дода мешавад.
– Оё мактаб барои мустақилона ҷорӣ кардани қоидаҳо барои истифодаи телефон, масалан пурра манъ кардани телефонҳо ҳуқуқ доранд?
Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон амал карда, танҳо бар асоси он танзим мешавад.
– Вазорат таъсири манъи пурраи телефонҳо ба раванди хониш ва бехатарии хонандагонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?
- Дар қонуни масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд манъи мустақими пурраи истифодаи телефонҳо пешбинӣ нашудааст. Манъ танҳо дар соатҳои хониш амал карда, масъулияти ташаккул ва тарбияи фарҳанги истифодаи телефонҳо ба дӯши волидайн ва дигар шахсоне, ки аз номи онҳо амал мекунанд, вогузор шудааст.





