“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дорандагони ҳамаи кортҳои бонкиашро аз нав ба қайд мегирад ва дар сурати дубора сабтином накардан, хидматрасонии корт муваққатан қатъ мешавад. Сабтиноми онҳо то охири моҳи марти имсол давом карда, дар ҳолати пеш омадани зарурат, метавонад тамдид карда шавад. Дар ин бора аз бонки мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, “Амонатбонк” […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дорандагони ҳамаи кортҳои бонкиашро аз нав ба қайд мегирад ва дар сурати дубора сабтином накардан, хидматрасонии корт муваққатан қатъ мешавад. Сабтиноми онҳо то охири моҳи марти имсол давом карда, дар ҳолати пеш омадани зарурат, метавонад тамдид карда шавад.

Дар ин бора аз бонки мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, “Амонатбонк” ба ҳар як муштарии худ SMS-паёмак ирсол мекунад ва дар сурати ҳозир нашудан дар давоми 30 рӯзи баъди ирсоли паёмак, фаъолияти корти бонкӣ муваққатан қатъ мешавад. Баъди муроҷиат ба бонк ва аз нав ба қайд гирифтан, корти бонкӣ дубора фаъол мешавад.

Ба қавли манбаъ, бо назардошти теъдоди мизоҷон, бақайдгирӣ метавонад то семоҳаи аввали соли ҷорӣ идома ёбад.

Бонк иддао мекунад,  ки ин иқдомро бо ҳадафи “таъмини бехатарии молиявии мизоҷони худ ва шаффофияти амалиётҳо, инчунин коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ” рӯйи даст гирифтааст.

Ба иттилои масъулин, бақайдгирӣ тавассути барномаи мобилии махсус дар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии “Амонатбонк” сурат мегирад.

“Мизоҷон новобаста аз он ки дар кадом ноҳия қарор доранд ва корти худро аз кадом филиал гирифтаанд, метавонанд ба дилхоҳ филиал ё маркази хадамоти бонкӣ рафта, аз нав ба қайд гиранд”, – афзуд манбаъ.

Сабтиноми такрорӣ чунин сурат мегирад:

– Дорандагони корти бонкии “Амонатбонк” бо шиноснома ва корти худ ба дилхоҳ филиали бонк ҳозир мешаванд;

– Маълумоти корт ва рақами телефони мобилии мизоҷ дар замимаи барнома ворид карда мешавад;

– Акси корт, шиноснома ва азхудаксгирӣ (селфи)-и мизоҷ бо шиносномааш гирифта мешавад.

 

Ба гуфтаи масъулин, барои сабтиноми шахсони дорои маъюбият ва онҳое, ки имконияти ба бонк ҳозир шудан надоранд, масъулон “дар вақти ба мизоҷ мувофиқ ба макони зисти онҳо ҳозир шуда, аз нав сабтином мекунанд”.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон маоши кормандони бахши буҷетӣ, нафақа ва идрорпулиҳо тавассути корти “Амонатбонк” пардохт мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар аз шиносоии дубораи нафақахӯрон дар кишвар иттилоъ дода буд.

Нафақахӯронро акнун  зарур аст, ки барои гирифтани нафақа дар “Амонатбонк” низ дубора сабтином кунанд.

Ба иттилои “Амонатбонк”, далели дубора бақайдгирии нафақахӯрон ҳосил кардани итминон дар хусуси он аст, “ки  корти нафақавӣ маҳз дар дасти мизоҷ (нафақахӯр) буда, дастрасии он ба шахши сеюм маҳдуд аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.