Сарфи назар аз норасоии зарфҳои шишагӣ, дар Суғд истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот афзуд

Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон сарфи назар аз норасоии зарфҳои шишагӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот истеҳсоли консерваҳоро зиёд карданд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Абдукарим Воҳидов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон корхонаҳои коркарди меваю сабзавот 27 ҳазору 209 тонна маҳсулотро […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон сарфи назар аз норасоии зарфҳои шишагӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот истеҳсоли консерваҳоро зиёд карданд.




Иҷрокунандаи вазифаи мудири корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Абдукарим Воҳидов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон корхонаҳои коркарди меваю сабзавот 27 ҳазору 209 тонна маҳсулотро коркард намуданд ва аз он 51303 ҳазор банкаи шартии консерва тайёр карда шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 11 546 адад бештар аст.



Коршиносон афзоиши коркарди маҳсулотро ба ҳосили фаровони имсолаи зардолу нисбат медиҳанд. Дар қаламрави вилоят 12 корхонаи бузурги коркарди меваю сабзавот ва як қатор корхонаҳои хурд дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Исфара, Конибодом ва Ашт фаъолият доранд.



Мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Корхонаи консерваи Хуҷанд» Абдурабӣ Сангинов мегӯяд, ки ҳамаи корхонаҳо айни замон ба таъминот бо зарфҳои шишагӣ ниёз доранд. «Соли равон мо ба 1 млн. зарфи шишагии ғунҷоиши 2-литра ва 1 млн. зарфи 1-литра эҳтиёҷ дорем, вале танҳо каме бештар аз 1 млн. 400 ҳазор зарф гирифтаему халос, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, имкон надорем маҳсулоти зиёди воридшударо коркард намоем».



Мавсуф зикр кард, ки талабот ба чунин маҳсулот зиёд аст ва то моҳи январи соли оянда тоҷирон аз хориҷи кишвар онро мехаранд, вале, ба қавли ӯ, соли ҷорӣ маҳсулот басанда нест. Феълан 40 дарсади саҳмияҳои ҶСК «Корхонаи консерваи Хуҷанд» ба давлат таллуқ дошта, ба 60 дарсади он ширкати «Наво» (Душанбе) соҳиб аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.