Имрӯз дар Боку маҷлиси Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони ИДМ баргузор мегардад

  Душанбе. 19-уми сентябр – Имрӯз дар Боку маҷлиси Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин маҷлис фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ генерал-майор Шералӣ Мирзо намояндагӣ мекунад. Дар ҷаласа беш аз 20 масъала муҳокима карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис роҷеъ ба вазъияти сарҳади […]

АМИТ «Ховар»



 

Душанбе. 19-уми сентябр – Имрӯз дар Боку маҷлиси Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин маҷлис фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ генерал-майор Шералӣ Мирзо намояндагӣ мекунад.




Дар ҷаласа беш аз 20 масъала муҳокима карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис роҷеъ ба вазъияти сарҳади давлатҳои ИДМ ва проблемаҳои асосии ҳамкории мақомоти марзбони Иттиҳод табодули назар намуда, натиҷаҳои амалиёти махсуси муштарак ва тадбирҳои пешгирикунандаи соли 2008 гузаронидашударо ҷамъбаст намуда, лоиҳаи баъзе ҳуҷҷатҳои ҳамкориро баррасӣ менамоянд.



Онҳо пешниҳодро дар бораи андешидани маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ дар масъалаи назорати сарҳад барои ошкор намудани роҳҳои хориҷу ворид сохтани одамон бо мақсади хариду фурӯши онҳо, ба мақсад мувофиқ будани ташкили ҷузъу томҳои зудамали эҳтиётии мақомоти марзбонро барои ба роҳ мондани муборизаи самарабахш ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ва ғайраро баррасӣ менамояд.




 



 



 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.