Дар минтақаи наздисарҳадии Панҷ ду нафар шаҳрванди Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт шуданд

Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд. Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки чанде қабл дар яке аз минтақаҳои назди сарҳадии Панҷ марзбонони тоҷик ду нафар шаҳрванди Афғонистон […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.




Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки чанде қабл дар яке аз минтақаҳои назди сарҳадии Панҷ марзбонони тоҷик ду нафар шаҳрванди Афғонистон Султонмаҳмад валади Гулохон ва Рафиқ валади Шервалиро, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намудаанд, боздошт карданд.



«Зимни кофтукови амволи шахсии боздоштшудагон ба миқдори 15 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд», – афзуд манбаъ. Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.