Кӯтоҳ оид ба мавзӯи дароз

Инак, ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон аксари ҳайати ҳукумати хастаи худро иваз кард. Бархе ин тағйиротро ҳамчун «рафтани Алию омадани Валӣ» мебинанд, аммо бархе хушбин аз ин раванд мебошанд. Тайи давраи охир дар дохили кишвар сохтмонҳо идома ёфта, роҳҳо, нақбҳо ва қарзҳо зиёд гардиданд. Бархе аз соҳибмулкон ба худӣ ва ба бегонагон «сиккагузорӣ» шуда, дунболи наҷот ёфтан ва […]

admin

Инак, ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон аксари ҳайати ҳукумати хастаи худро иваз кард. Бархе ин тағйиротро ҳамчун «рафтани Алию омадани Валӣ» мебинанд, аммо бархе хушбин аз ин раванд мебошанд. Тайи давраи охир дар дохили кишвар сохтмонҳо идома ёфта, роҳҳо, нақбҳо ва қарзҳо зиёд гардиданд. Бархе аз соҳибмулкон ба худӣ ва ба бегонагон «сиккагузорӣ» шуда, дунболи наҷот ёфтан ва авфи «гуноҳи карда»-и худ шудаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд шуданду даромади давлат ба он шумора зиёд нагардид. Шумораи нафақахӯрон аз ҳисоби ашхоси ҳукуматӣ ду се нафар зиёд шуду ҳаҷми умумии «нафақа» ба муҳоҷират рафт.


Дар хориҷи кишвар бошад, мавқеи «афсонавии Тоҷикистон бо панҷараҳои бешиша ва дарҳои боз» муаррифӣ ва пайгирӣ гардид. Дар самти сиёсати хориҷӣ дастоварде ғайр аз сохтмони бинои нав (он низ аз ҳисоби буҷаи давлат) ва истифодаи фаъоли фейсбуку сомонаи Вазорати умури хориҷа, чизи дигари назаррас барои истодагарӣ аз манфиатҳои давлатӣ дида нашуд. Ин раванд собит сохт, ки танҳо маҳорати истифодаи самараноки ВАО аз ҷониби Вазорати умури хориҷа ба чашми мардум хок пошида, аз «пиёдасозии сиёсати хирадмандонаи хориҷии кишвар» дар ин солҳо ҳисобот додааст, аммо дар асл, сиёсати хориҷӣ бо мушовирони даврони шӯравӣ ва «ғолибони дипломатияи тоҷик» сар то пой хато буду бохт буду «ҳайкалтарошӣ» буд.

Хитой замини тоҷиконро «савдо» карду, Россия мавқеи низомии худро дар Тоҷикистон барои 30 соли баъдӣ мустаҳкам намуд. Ӯзбекистон роҳҳои ба самти Тоҷикистонро пурра баста, бархеро тарофаи миёншикан монду, даъвои қирғиз барои минтақаҳои сарҳадӣ зиёд гардида, «савдои» замин бо Хитой аҷдодони Манасро дар ин музокирот бар зидди Тоҷикон шерак сохт.

Ягона роҳи наҷот самти ҷанубӣ монд, ки он ҳам ба сӯи Афғонистон аст ва, мутаассифона, интизории мардум аз он самт баробар ба таъмини пурраи барқ дар давраи «лимити барқ дар деҳот дар фасли зимистон» аст.

Тоҷикон дорои шиносномаи биометрӣ гардиданд, аммо дастрас кардани раводидҳои Шенген ва Амаки Сам барои онҳо миёншикан гардид.

Дар кишварҳои Араб баҳори хазонрез омаду ҳамкории «Аълоҳазратона»-и онҳоро бо Тоҷикистон ба мисли дуди ғафсу сафеди барги тирамоҳӣ чашмсӯз кард, гирён сохт ва барбод дод.

 

Қирғиз ба маблағи ду инқилоб ба худ унвони кишвари демократӣ ва дарвозаи Осиёи Марказӣ барои интиқоли моли Хитойро соҳиб шуду, Ӯзбекон ширкатҳои бузурги америкоиро дар худ пазируфта, нозу бозори Россияро дар кишварашон коҳиш доданд. Туркманҳо таги ҷелаки худ гази табииро ба чор самт савдо карда, биёбони худро обод карда, қазоқҳо ба кишвари калидии Осиёи Марказӣ мубаддал гардиданд. Танҳо тоҷик, дар ин давраи 5-7 соли охир бенасиб аз насиби хориҷу дохил монд ва карнаю сурнаи худро ҷиҳати қайд намудани маросими «қайчии лентаи сурхи бинои дорои утоқҳои кории доимӣ ва маоши муносиб» баланд сохт.

Дар ин давра, ғурури миллии мардум боло рафт, аммо ин ғурурро ҳукумат чун хатари «экстремистӣ» дида, мардуми ба худ «табармусулмон»-ро аз кунда ва табар дур сохт. Мардум ноилоҷ чипта дастрас хоҳад карду пайи дарёфти қути лоямут ба майдони ҳавоӣ ё ба «Ж/Д» раҳсипор хоҳад шуд. Чун дар ин шаҳри азиз, мардум қуввати харидорӣ намудани мошини 100 000 доллара надораду ҳавсалаи харидорӣ намудани хонаҳои замонавии «Диёр”-у “Плаза»-ро низ соҳиб нест, ноилоҷ аз Худо ва худ умед дораду як чашми «нимколаумедвор» аз раисҷумҳур, ки барои ҳафт соли дигар сари ин мардум раҳбар хоҳад буд. Оё метавонад, ки раиси ҷумҳур интригаҳои дохилиҳукуматии худро ором созад ва ҳукуматро пурра кор бифармояд? Мунтазири ҷаласаҳои моҳи январ — «дилзанаки сол» хоҳем буду аз Парвардгор талаб мекунем, ки барқ хомуш нагардад, то мо лоиқи тамошои он барномаи «дилзанаки сол» гардем.

Аммо, хомӯш кардан ва ором сохтани «интригаҳои дохилӣ» низ барои раисҷумҳур осон нахоҳад буд, чунки қозии дунявии мӯҳтарам қиммати ҷони се нафар ҷавонмарди Тоҷикистониро баробар ба 120 сомон нарх монда, ҷони ҳамаи аҳолии Тоҷикистонро (8 миллион аҳолӣ зарби 40 сомонӣ) 320 миллион сомонӣ нархгузорӣ кардааст, ки он баробар ба тақрибан 90 миллион доллари амрикоӣ аст. 40 сомонӣ қиммати ҷони ман будааст, 40 сомони шаъну шарафи ман будааст, 40 сомони нақди хуни рехтаи ман, 40 сомони қиммати Оли Сомон будааст.

Ҷаноби олӣ, президенти мӯҳтарам, раиси ҷумҳури азиз, ман ба Шумо овоз додаам, аммо ба атрофиёнатон на, овоз надодаам! Ба онҳо овоз надодаам ва нахоҳам дод. Аксари онҳо пиранд, аксари онҳо заифанд, аксари онҳо ришваситонанд, аксари онҳо даҳсолаҳо дар як мартабаанд, дар як вазифаанд, дар як курсианд, лагандбардоранд, мутаасифона, бархе хешовандони Шумоанд. Чора ҷӯед, қиммати ҷонамро аз 40 сомон боло бардоред, барои овози додаам меҳнат кунед, ман ҳавсалаи таъзим кардан надорам, ҳавсалаи шеър хондан низ надорам, хоҳиши пеши пой гул партофтан ҳам надорам, ман заифам, ман мондаам, ман дилшикастаам, ҳамзамон ман бо фахри бепоён як чавонмарди ТОҶИКАМ!


Ф.Д.

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Материал доступен на этих языках:

Схожие материалы

Оби зулол
Оби зулол

Последние новости

Последние новости
Свежее

Как выглядит Парк Победы в Душанбе после реконструкции мемориального комплекса

Мы прошлись по нему перед большим праздником – Днем Победы.

Памяти Адхама Халикова: Он покорил Ла Скала и отказался уезжать из Таджикистана навсегда

После смерти Адхама Халикова в его саду неожиданно погибли любимые розы артиста - остались только ландыши, которые стали молчаливой памятью о нём.

GITEX AI Kazakhstan 2026: как Алматы стал главной AI-площадкой Центральной Азии

Более 300 компаний и стартапов, свыше 200 спикеров и 100 инвесторов из 50 стран — регион выходит на мировую арену.

Иранский специалист сменил узбекистанца на посту тренера ФК «Истаравшан»

Узбекский специалист Шерали Бобокулов покинул команду после неудачного старта сезона.

В Центральной Азии подготовят проект по защите почвы от деградации

Большое значение инициатива имеет для горных стран региона, в том числе для Таджикистана.

Сель, смерть и разрушенные дома: сотни семей в Таджикистане остались без крова

Корреспондент «Азия-Плюс» посетил Куляб и поговорил с семьями погибших и пострадавших от стихии.

Яркое событие весны-2026: новый номер VIPzone уже в продаже

Этот выпуск о людях и идеях, которые меняют всё: от бизнеса и инвестиций до моды, еды и городской среды.