ХБА: Рушди воқеъии ММД Тоҷикистон дар соли 2015 то 3% поин меравад

ASIA-Plus

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯиҳои нави рушди иқтисоди ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2016-ро интишор намуд. Дар гузориши нави ХБА таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» дар ин робита зикр мегардад, ки рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аз 6,7% дар соли 2014 то ба 3% дар соли 2015 поин рафта, соли 2016 4,1%-ро […]



Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯиҳои нави рушди иқтисоди ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2016-ро интишор намуд.

Дар гузориши нави ХБА таҳти унвони

«Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон»

дар ин робита зикр мегардад, ки рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аз 6,7% дар соли 2014 то ба 3% дар соли 2015 поин рафта, соли 2016 4,1%-ро ташкил хоҳад дод.

Мавриди қайд аст, ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар

семоҳаи аввали соли равон

беш аз 8 млрд. 310 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,4 млрд. $)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % (аз 7 то 5,3%) камтар аст.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)

 бар ин назаранд

,


 ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Коршиносони БҶ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.

Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР) 

чунин мешуморанд

,


 ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.

Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис

изҳор намуд,

 ки БАТР коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи пешгӯиҳои нави ХБА, дар муқоиса бо соли 2014 сатҳи таваррум соли равон дар ҷумҳурӣ ду баробар – аз 6,1% дар соли 2014 то ба 12,8% дар соли 2015 меафзояд. Соли 2016 мизони тавррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 6,3% пешгӯӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ