Ҳалокати 400 муҳоҷир дар баҳри Миёназамин бар асари ғарқ шудани киштӣ

Дар баҳри Миёназамин бар асари ғарқ шудани киштии ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ қариб 400 кас ба ҳалокат расид. Дар ин хусус 2 нафар муҳоҷир, ки лаҳзаҳои ғарқ шудани киштиро назорат кардаанд, иттилоъ доданд. Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», айни замон сарчашмаҳои дигар ин маълумотро тасдиқ накардаанд. Ба ақидаи коршиносон рӯзҳои охир ба Италия ворид […]

ASIA-Plus



Дар баҳри Миёназамин бар асари ғарқ шудани киштии ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ қариб 400 кас ба ҳалокат расид. Дар ин хусус 2 нафар муҳоҷир, ки лаҳзаҳои ғарқ шудани киштиро назорат кардаанд, иттилоъ доданд.


Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», айни замон сарчашмаҳои дигар ин маълумотро тасдиқ накардаанд. Ба ақидаи коршиносон рӯзҳои охир ба Италия ворид гардидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Шарқи Наздик ба нишондоди рекордӣ расидааст.

Гуфта мешавад, тибқи омор дар давоми 4 шабонарӯзи охир ба ин кишвари аврупоӣ 8 ҳазору 500 нафар муҳоҷирон ворид гардида, Италия аз Иттиҳоди Аврупо даъват намудааст, ки ҳолати ворид гардидани муҳоҷирон ба ин кишвар бояд ба таври муштарак ҳал карда шавад.

Зикр мегардад, ки дар сурати аз амалиёти «Мааре-нострум» гузаштан ба амалиёти «Тритон», аз  коҳиши теъдоди чунин рӯйдодҳои фоҷеабор, ки боиси ба ҳалокат расидани муҳоҷирон мегардад, интизорӣ мерафт, вале баръакс, баъди  гузаштан ба амалиёти «Тритон» қурбон гардидани муҳоҷирон бештар ба назар мерасад.

Мувофиқи қонуни байналмилалӣ, ҳар шахсе, ки дархости паноҳгоҳ кард, он кишвар ҳуқуқ надорад, ки чунин ашхосро ба кишварҳои дигар таҳвил диҳад. Аз ин рӯ муҳоҷирон дар Италия боқӣ мемонанд. Мувофиқи маълумоти масъулини Италия соли сипаригардида ба ин кишвар 170 ҳазор муҳоҷир ворид гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.