Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов изҳор дошт, ки аз 3 ҳазору 360 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 3 ҳазору 8 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумори ба ватан баргаштагон 64 нафар ба содир намудани ҷиноятҳо гумонбар дониста шуда, 29 нафари онҳо барои иштирок дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла 5 нафар барои узвият дар гурӯҳи «Салафия» дар дохил ва хориҷи кишвар маҳкум ва 6 тан аз онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, 18 нафар тоҷикистонии машғули таҳсил дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷа минбаъд дар даргирҳои Сурия иштирок ва ҳалок шудаанд.
Ба саволи чӣ гуна тадбирҳо андешидани Кумита алайҳи таблиғоти ДИИШ ва сабаби дар телевизион пахш нашудани барномаҳо бо ҳузури ходимони маъруфи дин Сулаймон Давлатов чунин посух дод: «Дарвоқеъ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ бемории аср аст. Аксарият бо роҳи фиреб ё бинобар сабаби камсаводӣ ҷалб мешаванд. Бисёриҳоро номи «Давлати исломӣ» гумроҳ месозад».
Ба қавли номбурда, соли ҷорӣ кормандони Кумита тариқи телевизион 42 барномаи фаҳмондадиҳӣ таҳия ва пахш намуда, дар сомонаи Кумита беш аз 100 мавод дар ин бора интишор шудааст. «Аз минбари масҷидҳо низ имом-хатибон мудом ҷавононро даъват мекунанд, ки ба сафҳои созмону ҳаракатҳои фиротгаро шомил нашаванд», – таъкид дошт раиси Кумита.