Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода бо такя ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия иттилоъ дод, ки айни замон 1 млн. 543 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ 638 ҳазору 934 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта, аз ин шумор 546 ҳазору 76 нафар ба қайди муҳоҷират гузошта шуданд. «Тибқи маълумоти ХФМ Русия, 292 ҳазору 800 нафар шаҳрвандон барои фаъолият патент ва боз 4 ҳазору 31 нафар иҷозатнома барои кор гирифтаанд (ҳамагӣ 70 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор иҷозатнома гирифтаанд)», – гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки дар ин давра мақомоти муҳоҷирати Русия нисбати 46 нафар шаҳрванди Тоҷикистон оид ба хориҷшавӣ аз қаламрави кишвар ва нисбати 40 нафар дар бораи истирдод қарор содир намуда, беш аз 92 ҳазору 250 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва ба зиёда аз 73 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ шудааст.
Сабаби асосии коҳишёбии шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишварро С.Тағойзода ба буҳрони иқтисодӣ ва шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар нисбат дод.
Қайд карда шуд, ки дар ин давра Вазорати меҳнат ба пардохти беш аз 14 млн. рубл ба муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоҳояшон мусоидат намуд.