Зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар робита ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» изҳор намуд, ки ҳадафи он ба маҳдуд кардани фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ё нақзи ҳуқуқҳои онҳо нигаронида нашуда, ошкор кардани бо кадом мақсадҳо истифода шудани грантҳои хориҷӣ аст. «Мо танҳо ба дастгирии террористону ифротгароҳо равона нашудани ин грантҳоро муайян карданиему халос», – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, танҳо давоми соли 2013 барои дастгирии фаъолияти ТҒД ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 4,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуда, дар ҳамин ҳол, мутобиқи ҳисоботи ин ташкилотҳо, қисмати зиёди ин воситаҳо тавассути Бунёди Оғо Хон ба ВМКБ фиристода шудааст.
«Мо муайян кардем, ки грантҳое ҳам будаанд, ки барои фаъолияти сиёсӣ истифода шудаанд. Ба наздикӣ қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул мешавад. Дар бисёр кишварҳо ТҒД барои дастрас кардани грантҳо аз Вазорати адлия иҷозатнома мегиранд, вале бо дархости иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мо ин бандро ба қонун ҳамроҳ накардем. ТҒД бояд танҳо дар бораи ҳадафҳои дастас шудани грант ва дигар масоили ба он марбут ҳисобот пешниҳод намоянд», – афзуд вазир.