Рӯзи 18 октябр дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи роҳи нави Айнӣ – Панҷакент доир гардид.
Зимни оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти мамлакат нахустин шуда бо автомашина шахсан ин роҳро тай намуд.
Қобили зикр аст, ки барои сохтмони роҳи масофааш 113 километри байни ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА маблағи грантӣ ҷудо кард.
Амалисозии ин лоиҳа ба рушди минтақа ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ мусоидат намуда, ба рушди ҳамкории минтақавӣ нигаронида шудааст. Роҳи лоиҳавӣ қисмате аз Роҳи таърихии Абрешим ва долони Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС 6) мебошад.