Президенти Фонди «Тоҷикистон», роҳбари Маркази иттилоотиву ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Мир 24» андешаи худро нисбати марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён дошт.
«Ман чунин мешуморам, ки ин куштор аст ва барои ин ҳатман бояд муҷозот кард», – гуфтааст ӯ. Ӯ бар ин назар аст, ки барои ин мебояд ҷазои ҷиддӣ таъин кард. «Зеро ба ҷуз ҳалок шудани кӯдак, он ба муносибатҳои байнулмилалӣ халал ворид мекунад. Ин бовар ба муҷозоти шахсоне дар Русияро , ки хориҷиёнро ғулом мешуморанд, коста мегардонад», – иброз доштааст Г.Ҷӯраева.
Ба андешаи ӯ, «чизи аз ҳама фоҷеабор барои кӯдак маҳрум сохтани ӯ аз амният буда, минтақаи амнияти ӯ модараш аст ва агар ин девори муҳофиазат хароб карда шавад, кӯдак хеле осебпазир мегардад. Кӯдакро ҳамеша метавон ба дасти хешовандонаш супурд… Лекин ин кор ба тарзи дигар бояд ба иҷро расад, инсонгароёна ва мувофиқи анъанаҳои Русия, на ба он анъанаҳое, ки имрӯз баъзан дар Ғарб роиҷанд».
Муфассалтар дар навори видеоии шабакаи телевизионии «Мир 24».
Идораи «Азия-Плюс» барои маълумоти қаблан носаҳеҳи дар ин хабар интишоршуда аз корбарони сомона маъзарат мехоҳад.