Муҳоҷирони корие, ки аз қабулгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷии вилояти Нижний Новгороди Русия фирор карда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо мусоидати Аюб Нуриддинов, роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳр, муайян карда шудааст, ки се нафар муҳоҷире, ки аз қабулгоҳи махсуси Нижегород гурехтаанд, шаҳрвандони тоҷик набуда, шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.
Ёдрас мекунем, ки
се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ
, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.
Самариддин Рустамов, ки ташаббускори эҳтимолии ин фирор дониста мешавад,
якумра аз қаламрави Русия хориҷ карда мешавад.
Ин қарор дар сатҳи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия қабул шудааст.
Айни замон фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса муайян карда мешаванд ва дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.