Дастаи ҳунарии «Рекорд оркестр»-и шаҳри Владимир дар шоу-барномаи «Главная сцена»-и шабакаи телевизионии Русия таронаи «Суруд дар бораи Душанбе» (Песня о Душанбе»)-ро иҷро намуд, ки ҳанӯз замони шӯравӣ Александр Затсепин ва Евгений Долматовский таҳия намуда буданд.
Бо иҷрои маҳз ҳамин тарона ин дастаи ҳунарӣ ба даври финалии ин шоу-барнома роҳ ёфт.
Ҳайати ҳакамони озмун ва худи Александр Затсепин, ки дар барнома ҳузур дошт, аз иҷрои ин тарона ба ваҷд омаданд.