Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Мушкилоти беморони диабети қанд дар Хатлон (чандрасонаӣ) - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мушкилоти беморони диабети қанд дар Хатлон (чандрасонаӣ)

Рокия Абдуллоева, Фарзонаи Маҳмадулло, Худойдоди Ислом, махсус барои ASIA-Plus

Диабети қанд бемории эндокринологӣ буда, ҳангоми номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда ва паст шудани меъёри инсулин дар хун пайдо мешавад. Дар Хатлон наздик ба 8 ҳазор гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 500 нафарашон мубталои навъи 1-и маризӣ ё худ инсулинвобаста мебошанд.

МЕДИА (IFRAME)

Харитаи беморони диабети қанд дар шаҳру навоҳии Хатлон (2014-2015)

Таъмини инсулин – ройгон ё пулакӣ?

«Дар Тоҷикистон маъмулан ду намуди бемории диабети қандро метавон дучор омад. Диабети навъи аввал ба инсулин вобаста буда, аксар маврид онро дар кӯдакону наврасон вохӯрдан мумкин аст. То имрӯз тамоми маризони диабети қанди навъи якум бо инсулин ба таври ройгон таъмин ҳастанд. Ин мавод аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ ба мо пешниҳод мешавад ва онро ба беморон ройгон мерасонем», – иброз дошт Зокирҷон Холов, директори Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон.

Аммо ниёзмандон шикоят аз он доранд, ки арзиши доруҳо баланд буда, ба таври ройгон пешниҳод намешаванд. Дар натиҷа баъзе беморон саривақт ба табобат машғул шуда наметавонанд, зеро вазъи душвори молиявӣ дастрасии онҳоро ба дорувории зарурӣ мушкил месозад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Афзалбӣ Миракова , ки 86 сол дорад, 14 соли умрашро бо ранҷуриҳои диабети қанд сипарӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи доруворияшро дар ин муддат фарзандонаш аз дорухонаҳо мехаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон сокини деҳаи «Нонҷемаст»-и ноҳияи Восеъ Дӯстмурод Ёрматов мегӯяд, ки 90 дарсади даромади хонаводааш ба хариди доруворӣ барои ҳамсари дардмандаш сарф мешавад: «Ду фарзандам дар Маскав ва худам ин ҷо кор мекунем. Моҳе 800-900 сомонӣ барои харидории доруворӣ харҷ мешавад. Аз моҳи сентябр тарафи чапи бадани ҳамсарам аз сабаби фишорбаландӣ ва диабети қанд аз кор мондааст. Вақте беморамонро барои санҷиши қанд мебарем, дар беморхонаҳо аз мо маблағ талаб мекунанд. Бори аввал ҳамсарам ба муддати 11 рӯз дар беморхона табобат гирифт, ки танҳо 3 адад инсулинро чун кӯмак ба мо доданд. Ҳамчунин аз хабарҳо бархурдорам, ки тамоми беморони диабети қанд дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, на категорияи якум ва на дуюм, табобати бепул намегиранд. Давоми 6 соли бемории оилаам боре ҳам дорувории ройгон дастрас накардаем. Инсулин ва ду доруи дигар барои паст кардани қандро ба арзиши 60 сомонӣ мехарам».

МЕДИА (IFRAME)
ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар робита ба ин масъала Бегмурод Юсуфов, сармуҳосиби Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон чунин изҳор дошт: «Соли 2015 аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии диспансерии диабети қанд ба маблағи 577 ҳазору 719 сомонӣ доруворӣ ворид шадаасту халос. То моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои гирифторони диабети қанд дар вилояти Хатлон ба маблағи 48 ҳазору 866 сомонӣ доруворӣ харидорӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб «Литфорелин-500», «Литфорелин-1000» ва «Хумодар» ба беморон ройгон тақсим карда шудаанд».

Кафолати ҳимояи тиббию иҷтимоӣ

Аз соли 2009 инҷониб дар кишварамон Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» амал мекунад. Ҳамчунин 3-юми апрели соли 2012 «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017» қабул гардидааст, ки яке аз мақсадҳои он таҳти назорати қатъӣ қарор додани оилаҳои гирифтори диабети қанд ва расонидани кӯмакҳои аввалия аз ҳисоби маблағҳои барнома мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Омилҳои пайдоиши диабети қанд​​​​​​​

Руқия Мирзоева, сокини 63-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки 10 сол пеш ба бемории диабети қанд гирифтор шуда буд ва маротибаи дуюм аст, ки дар Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон бистарӣ шуда, муолиҷа мегирад. Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби риоя накардани парҳез, сатҳи қанд дар хунаш баланд шудаву аз таъсири он чашмонаш зарар дидаанд.

МЕДИА (IFRAME)

Ҳоло теъдоди мубталоёни диабети қанд дар Тоҷикистон назар ба солҳои 80-уми асри гузашта қариб 1,5 баробар афзудааст. Тавре мутахассис Хуршед Саъдиев мегӯяд, яке аз сабабҳои пайдоиши беморӣ истеъмоли нодурусти маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Нишонаҳои беморӣ ва зарурати парҳез​​​​​​​

Нишонаҳои аввалини бемории қанди навъи якум бемадории умумӣ, ташнагӣ, зиёд шудани пешобронӣ ва лоғаршавӣ мебошанд. Вақте кӯдак ё наврас ба ин беморӣ гирифтор мешавад, табобати аввалияро дар шароити бемористон мегирад ва қисми зиёди вақти худро дар касалхона сипарӣ мекунад. Аммо навъи дуюми диабети қанд ба инсулин вобаста набуда, мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки мубталоёни он бештар ашхоси калонсоланд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Табобати бемории қанд аслан ба воситаи дорувории инсулин ва риояи парҳез сурат мепазирад. Дар натиҷаи риоя нашудани парҳез ва саривақт пешниҳод нашудани ёрии аввалия, қариб ҳамаи узвҳои бадан метавонанд аз оризаҳо осеб бинанд», – таъкид дошт директори Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон Зокирҷон Холов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гиёҳдармонӣ – таҳти назорати пизишкон​​​​​​​

Бо назардошти гаронии дастрасӣ ба доруворӣ, бисёре аз маризон ба гиёҳдармонӣ рӯ меоранд. Бархе аз гирифторони диабети қанд барои муолиҷа ба осоишгоҳҳои кишвар рафта, аз гиёҳҳои шифобахш истифода мекунанд.

МЕДИА (YOUTUBE)