Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 301,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобу китоби онҳо, шумори шаҳрвандоне, ки соли равон ба Русия рафтаанд, 301 ҳазору 654 нафар ва шаҳрвандони ба Қазоқистон сафаркарда 6 ҳазору 43 нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, тӯли 6 моҳи соли равон беш аз 308 ҳазору 676 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 27 ҳазору 949 нафар ё худ 8% камтар аст.
Қайд шуд, ки дар ин давра 160 ҳазору 434 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% камтар аст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон 210 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои вуруд ба қаламрави Русия иҷозатномаи такрорӣ гирифтаанд.