Котиби матбуотии президенти Русия ба саволи хабарнигори «Газета.ру» дар бораи ба маросими эҳтимолии дафни президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов рафтани Владимир Путин дар сурати тасдиқ шудани ин хабар, посух додааст, ки «ман шакли эҳтимолии маълумотро қабул надорам».
Дмитрий Песков изҳор доштааст, ки доир ба вазъи саломатии Каримов ба Кремл маълумот нарасидааст. Дар ин бора хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
«Алҳол ҳеҷ хабаре нест. Ба хабари сарчашмаҳо такя намуданро зарур намешуморем. Дар ин ҳолат бар ин назарем, ки танҳо маълумоти расмии аз Тошканд расида сарчашмаи аввалия шуда метавонад», – гуфтааст Песков.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Ӯзбекистон маълумоти ВАО марбут ба вазъи солимии президенти ҷумҳурӣ Ислом Каримовро шарҳ намедиҳад. Дар ин бора ба РИА «Новости» намояндаи девони вазирони кишвар хабар додааст.
«Ҳукумат маълумоти васоити ахбори умум доир ба ҷараёни бемории президенти Ӯзбекистонро шарҳ намедиҳад», – гуфтааст ӯ.
Қаблан се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ доданд.
Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд.