Зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутатҳаид вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор намуд, ки Ӯзбекистон ба сиёсати пешгирифтаи ҳамроҳ нашудани ба ҳама гуна блокҳои низомӣ идома мебахшад.
«Дар сиёсати хориҷӣ Ӯзбекистон ба анъанаҳо идома медиҳад… Кишвари мо бо роҳи сиёсати напайвастан ба ҳама гуна иттифоқҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба ҳузури пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави Ӯзбекистон идома медиҳад», – хабар медиҳад РИА Новости.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин зикр кард, ки кишвараш минбаъд низ иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар доираи шартномаву қарордодҳои байнулмилалӣ ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъмин месозад.