Санаи 16 октябри соли 2004 дивизияи тирандозии 201-ум ба Пойгоҳи низомии Русия табдил дода шуд.
Сатҳ ва аҳамияти муносибатҳои ҳайати шахсии Пойгоҳи 201-уми Русия бо мардуми Тоҷикистонро президенти Русия Владимир Путин махсус қайд кард:
«Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ аст, ки моро бо ин кишвар муносибатҳои бародарона, хеле наздик ва стратегӣ ба ҳам пайваста, ин ҷумҳурӣ садди аввали кишварҳои ИДМ дар самти хеле мушкилу масъулиятноки Афғонистон аст – изҳор дошта буд Владимир Путин.