Кумаки “МегаФон” дар дастрасии маълумот оид ба макони ҳузури наздикону ҳамкорон

Ширкати “МегаФон” ба мизоҷони худ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – хизматрасонии нави “Навигатор”-ро пешкаш намуд. Ин хизматгузории геолокатсионӣ имкон медиҳад, ки макони қароргирии назикдон ё кормандони корхонаи Шумо аниқ карда шавад. Макони қароргирии муштарии дигар дар харита қайд шуда, истифдабарандаи хизматрасонӣ имкон пайдо мекунад, ки онро дар компютери доимӣ ё экрани смартфони худ бубинад. […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон” ба мизоҷони худ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – хизматрасонии нави “Навигатор”-ро пешкаш намуд. Ин хизматгузории геолокатсионӣ имкон медиҳад, ки макони қароргирии назикдон ё кормандони корхонаи Шумо аниқ карда шавад. Макони қароргирии муштарии дигар дар харита қайд шуда, истифдабарандаи хизматрасонӣ имкон пайдо мекунад, ки онро дар компютери доимӣ ё экрани смартфони худ бубинад.

Хизматгузории “Навигатор” дар ҳолатҳои мухталиф судманд буда метавонад. Масалан, бо ёрии он метавон муайян кард, ки кӯдаки Шумо дар хона аст ё дар меҳмонӣ – инро метавон аз рӯйи харита ва суроғае, ки дар дастгоҳи истифодабарандаи хизматрасонӣ инъикос мегардад, муайян намуд. “Навигатор” инчунин барои ҷустуҷӯи калонсолҳо, махсусан онҳое, ки кору фаъолият ва истироҳаташон бо рафтуомади зиёд ё будубош дар маконҳое, ки он ҷой кӯмакашон зарур меояд, фоидабахш хоҳад буд. Ҳамин тавр, агар мошини хешу табори ба шикор баромадаи Шумо дар роҳи кӯҳӣ аз кор барояд, Шумо метавонед ӯро дарёфт намоед ва дар баргаштани номбурда ба хона кӯмаки худро расонед. Муайянкунии макони қароргирии муштарии дигар танҳо дар он ҳолате имконпазир аст, ки агар ӯ ба SMS-и дахлдор посухи марбута ирсол карда, розигии худро диҳад.  

Хизматрасонии “Навигатор” тавассути USSD-дархости *250# пайваст карда мешавад. Пас аз рақамчинии ин дархост дар экрани муштарӣ матн бо шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ бо тавсифи амалҳои минбаъдаи лозимӣ инъикос карда мешавад. Пардохти асосии ҳафтаина барои истифодаи “Навигатор” – 35 дирам аст. Бар ивази ин маблағ метавон макони қароргирии ду муштарии дигари “МегаФон”-ро муайян кард. Барои ҳар як рақами иловагӣ берун аз меъёри муқарраршуда пардохт дар ҳаҷми 10 дирам дар як рӯз ситонида мешавад.

“Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ бисёр ба амал меоянд, қисми назарраси ҳудудро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва дар ин маконҳо ҳангоми рухдиҳии ягон ҳодиса дарёфткунии инсон танҳо ба воситаи технологияҳои муосири мобилӣ имконпазир аст. Сатҳи фарогирии шабакаи “МегаФон” хеле баланд буда, яке аз беҳтаринҳо дар кишвар ба шумор меравад, бинобар ин, хизматгузории “Навигатор” на танҳо дар шаҳрҳо, балки дур аз ҳудуди шаҳрҳо низ бо сифати аъло амал хоҳад кард. Пардохти начандон зиёди абонентӣ бошад, ба аъзоёни ҳама гуна оилаҳо новобаста аз сатҳи даромаднокиашон имкон медиҳад, ки барои наздикони худ орому осуда бошанд”, – изҳор дошт директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Денис НИКИТИН.

Истифодабарии хизматрасонии “Навигатор” инчунин барои бизнес-мизоҷони “МегаФон” дастрас аст. Хизматгузорӣ имкон медиҳад, ки макони қароргирии кормандони ташкилот бо аниқӣ муайян карда шавад. Аз сӯйи дигар тавассути ин хизматрсонӣ рафти иҷроиши вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандон назорат карда шуда, зарурати зангзанӣ ба онҳо дар ин робита аз байн меравад. Ба феҳристи рақамҳо метавон ҳамаи муштариёни шабакаи корпоративиро дохил кард, дар баробари ин, розигии онҳо барои муайянкунии макони қароргириашон  зарур намеояд. Пардохти базавии абонентӣ мавҷуд нест, барои ҳар як рақами дохилшудаи муштарии ҷусташаванда 15 сомонӣ дар як моҳ гирифта мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.