Манъи истифодаи нақлиёти ҷамъиятии то соли 2008 истеҳсолшуда дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, дастур додааст, ки истифодаи нақлиёти ҷамъиятии то соли 2008 истеҳсолшуда дар пойтахт манъ карда шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, ин дастур аз 20 марти соли 2017 мавриди амал қарор мегирад. Ғайр аз ин, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, дастур додааст, ки истифодаи нақлиёти ҷамъиятии то соли 2008 истеҳсолшуда дар пойтахт манъ карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, ин дастур аз 20 марти соли 2017 мавриди амал қарор мегирад.

Ғайр аз ин, раиси пойтахт супориш додааст, ки то 25 декабр масъалаи марбут ба таъмини ронандагони воситаҳои наклиёти ҷамъиятӣ бо сарулибоси махсус пурра ҳаллу фасл шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳамарӯза дар 93 хатсайр 197 автобус, 60 троллейбус ва беш аз 2 ҳазору 250 микроавтобусҳо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ ба 235,9 миллион мусофирон хизматгузорӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.