Хукми зиндони 20 имомхатиби Суғд дар соли равон

Боздошти имом-хатибони масҷидҳои вилояти Суғди Тоҷикистон баҳори имсол оғоз шуда, то моҳи декабр ҳудуди 20 нафар барои узвият дар созмони мамнуи "Бародарони мусулмон" (Ихвон-ул-муслимин) зиндонӣ шудаанд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, аммо вакилони дифои онҳо гуфтаанд, имом-хатибон ба ҷуз даъвати сокинон ба Ислом ва зиёд кардани сафи намозгузорон, ҳадафи дигаре надоштанд. Масъулини […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Боздошти имом-хатибони масҷидҳои вилояти Суғди Тоҷикистон баҳори имсол оғоз шуда, то моҳи декабр ҳудуди 20 нафар барои узвият дар созмони мамнуи "Бародарони мусулмон" (Ихвон-ул-муслимин) зиндонӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, аммо вакилони дифои онҳо гуфтаанд, имом-хатибон ба ҷуз даъвати сокинон ба Ислом ва зиёд кардани сафи намозгузорон, ҳадафи дигаре надоштанд.

Масъулини Дафтари матбуотии додситонии Суғд гуфтаанд, ин ходимони расмии дин "бо айби шомил шудан ба созмони “Бародарони мусулмон”, ки фаъолияти он соли 2006 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар кишвар манъ гардид", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Гуфта мешавад, мақомот зиндонӣ кардани имом-хатибҳоро тоза кардани сафи масъулони масҷидҳо аз аъзои созмонҳои ифротии хатарзо барои сохтори давлатии Тоҷикистон, назири “Бародарони мусулмон” меноманд. Ба таъкиди онҳо, барои ин гуна пешвоён, ки ақидаҳои суннатии ҳанафии намозгузорони масҷидро тағйир ва байни намозгузорон ихтилоф эҷод мекунанд, дар ҷомеаи давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон ҷой нест.

Вале мудофеони ҳуқуқи инсон мегӯянд, фаъолияти имом-хатибон бо ҳадафи тағйири сохтори қонунии давлат на дар замони тафтишоти аввалияи парвандаҳо ва на дар бозбинии додгоҳӣ ба исбот нарасид. Танҳо худи имом-хатибон замоне шомил шудани худ ба созмони мазкурро иқрор шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар умури дин содиқ ба мазҳаби ҳанафӣ буданд.

Фаъолияти созмони "Бародарони мусулмон" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо манъ гардид.

Мақомот дар бораи фаъолият созмон ва аъзояш дар Тоҷикистон иттилои кофӣ надодаанд. То соли равон теъдоде каме аз аъзои созмони “Бародарони мусулмон” дар кишвар дастгир шуда буданд ва 2016 барои масъулони умури дини кишвар чун соле ёдмон хоҳад буд, ки гурӯҳе аз имом-хатибон бо ҷурми фаъолият дар ин созмони мамнӯъ зиндонӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.