Ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикистон 3 нерӯгоҳи барқӣ сохтанист

Ширкати Khoday Group of Industries-и Ҳиндустон имкони сохтмони се нерӯгоҳи барқи обии миёна дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст. Охири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти ин ширкат масъалаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб – “Нуробод […]

Asia-Plus

Ширкати Khoday Group of Industries-и Ҳиндустон имкони сохтмони се нерӯгоҳи барқи обии миёна дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Охири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти ин ширкат масъалаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб – “Нуробод – 1”, “Нуробод – 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод – 1” – 400 МВт, “Нуробод – 2” – 520 МВт ва “Фондарё” – 135 МВт – ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2012 миёни Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва Khoday Group of Industries дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Хингоб ва Фондарё ёддошт ба имзо расида буд. Қабл аз ин дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон моҳи сентябри соли 2012 дар байни санадҳои баизорасидаи ҳамкорӣ миёни кишварҳо байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop низ ҳуҷҷат ба имзо расида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.