Ифтитоҳи мавсими нав дар мавзеи истироҳатии «Сафед-Дара»

Охири ҳафтаи гузашта дар мавзеи истироҳатии зимистонаи «Сафед-Дара» бахшида ба ифтитоҳи мавсими нав чорабиниҳо доир гардиданд. Дар маҷмааи «Сафед-Дара», ки барои дӯстдорони навъи варзиши лижаронӣ дарҳои худро боз кард, соли равон иншооти нави зиёде сохта шудаанд. Муовини раиси ширкати «Фароз» Исматулло Зиёев ба хабаргузории «Озодагон» дар ин робита изҳор намудааст, ки  то имрӯз дар мавзеи […]

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта дар мавзеи истироҳатии зимистонаи «Сафед-Дара» бахшида ба ифтитоҳи мавсими нав чорабиниҳо доир гардиданд.

Дар маҷмааи «Сафед-Дара», ки барои дӯстдорони навъи варзиши лижаронӣ дарҳои худро боз кард, соли равон иншооти нави зиёде сохта шудаанд.

Муовини раиси ширкати «Фароз» Исматулло Зиёев ба хабаргузории «Озодагон» дар ин робита изҳор намудааст, ки  то имрӯз дар мавзеи истироҳатии "Сафед-Дара" беш аз 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Номбурда иброз доштааст, ки дар назар аст рӯзи 24 декабр хатти нави ҳавоӣ ё роҳи танобӣ, ки бо технологияи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дарозии ин роҳ то 2 км буда, таҷҳизоти он аз Австралия оварда шудааст.

Аввали моҳи августи соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид намуда, бо шароити Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.