Боздиди президент аз маҷмааи сайёҳии «Сафед-Дара»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид ба амал овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд. Дар мактаби мазкур 70 нафар кӯдакону наврасон ба […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид ба амал овард.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд.

Дар мактаби мазкур 70 нафар кӯдакону наврасон ба таълими варзиши зимистона фаро гирифта шуда, аз имконияти васеъи машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши зимистона ҳамаҷониба бархурдоранд. Бо мақсади рушду равнақ додани варзиши лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби соҳибкорон мактаби дуошёна бо 60 ҷойи нишаст бунёд шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои обод кардани ин гушаи диёр ва мусоидат ба рушди варзиши лижаронӣ изҳори сипос намуда, ба масъулини соҳа барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мувофиқи ҷалби сайёҳони хориҷӣ дастуру супоришҳо дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4 ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.

Меҳмонхона бо мебели замонавӣ, хати интернет, оби гарм, системаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин аст. Меҳмонхонаи маҷмааи варзишӣ аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафар мизоҷро қабул намояд.

Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.

Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, як қатор корҳои сохтмонӣ дар он ба итмом расонида шуданд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди лоиҳаи наву муосири муҷтамеи хизматрасонии Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” – ро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум гардид, дар ин ҷо шуруъ аз таваққуфгоҳ барои 200 мошин, бозору дуконҳои фуруши молу маҳсулоти гуногун, атраксионҳои кудакона, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол, корти теннис, инчунин ду бинои боҳашамати иҷораи сару либоси варзишии хоси лижаронӣ, чойхонаи миллӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мегардад.

Айни ҳол аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сафед-Дара дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати Доппелмаери Австрия сохтмони роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ оғоз гардида, воридшавии техника ва технологияи зарурӣ идома дорад. Дарозии роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ 2 ҳазору 27 метрро ташкил дода, иқтидори ниҳоии он дар маҷмуъ дар ду самт дар як соат 5600 нафарро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки марҳиаи якуми корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишию истироҳатии зимистона бо истифода аз тамоми имконот то моҳи декабри соли ҷорӣ бо сифати баланди ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расад.

Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» ба нақша гирифтаанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар фасли тобистон лагери тобистона низ ташкил намояд.

Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.

Бояд гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғат, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, имрӯзу ояндаи  ин соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ  дорои аҳамияти бузург ва дурнамои дурахшон мебошанд. Натиҷаи ин талошу дастгириҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар як муддати кӯтоҳ мавзеи сайёҳию варзишии Сафед-Дара ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.