Муҳоҷир аз Тоҷикистон Каримҷон Ёров дар метрои шаҳри Маскав барои кормандони пулиси Русия як санҷише мегузаронад, зеро ба андешаи ӯ, онҳо оинномаро риоя намекунанд.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии "Life News”, ин мусофир тарзи муносибат ва сатҳи дониши кормандони пулис аз қонунҳои федералии Русияро мавриди санҷиш қарор додааст.
Каримҷон Ёров дар истгоҳҳои метро гаштугузор намуда, кори кормандони пулисро мушоҳида ва ба онҳо саволҳо дода, онро дар телефони мобилии худ сабт мекунад. Саволҳои ӯ ба фаъолияти ҷорӣ ва қонунӣ будани кори кормандони пулис марбутанд. Каримҷон Ёров мутмаин аст, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирон мудом поймол мешаванд.
– Дар ҳар ҷое, ки рафтори номуносибро мебинам, онро наворбардорӣ мекунам, ҳангоме ки аз ҳуқуқҳояшон суистифода бурданӣ мешаванд, наздашон барои суҳбат меоям, – гуфтааст Каримҷон Ёров. – Худро муаррифӣ намекунанд, ҳамаро бидуни асосу сабаб бозмедоранд, аз қонунҳои федералӣ огаҳӣ надоранд ва танҳо чизе, ки сардорашон гуфтааст, ҳамонро хуб медонанд.
Тавре аз наворҳои видеоӣ бармеояд, суҳбатҳои ӯ бо намояндагони мақомоти интизомӣ чанд дақиқае давом ёфта, Каримҷон ба онҳо якхела саволҳо медиҳад, ки боиси норозигии кормандони пулис мешавад. Аммо қобили зикр аст, ки кормандони пулис низ ба муноқиша напардохта, кӯшиш мекунанд, ки ба саволҳои ӯ бо такя ба муқаррароти қонунҳои федералӣ ва асноди танзимкунандаи фаъолияти мақомоти пулиси Русия посухҳои муносиб диҳанд.
Каримҷон Ёров дар мусоҳиба бо расонаи мустақили "Ахбор” гуфтааст, шабакаи "Life News” боз ҳам на ҳамаи ончиро ки буд, рӯи эфир овард. Ӯ аз мушоҳидаҳояш гуфтааст, аксари кормандони пулис худ қонунҳои Русияро хуб намедонанд, вале аз ин ки муҳоҷирон ҳуқуқи худро намедонанд, сӯиистифода мебаранд: «Муҳоҷирони бечора ҳуқуқи худро хуб намедонанд ва вақте пулис фишорашон меорад, метарсанд ва ҳарчӣ аз онҳо бихоҳанд, анҷом медиҳанд».