Анҷоми мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе

Энергетикҳои тоҷик аз анҷоми мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки аз охири моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида буд. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аз 1 март кори Марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт боздошта шудааст. Қобили зикр аст, ки дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» шабонарӯзӣ то 9 млн. кВт/соат нерӯи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Энергетикҳои тоҷик аз анҷоми мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки аз охири моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида буд.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аз 1 март кори Марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт боздошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» шабонарӯзӣ то 9 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешуд.

«Аз фаъолият бозмондани Марказҳои барқу гармидиҳӣ ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ таъсир намекунад, зеро дар обанборҳо захираи кофии об мавҷуд аст, ки то интиқоли барқ дар ҳаҷми пурра таъмин шавад, – гуфтанд дар ширкат. – Ғайр аз ин, маҷрои устувори об дар дарёҳои кишвар низ ба ин мусоидат мекунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.