Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

Шаҳноз Ализода, аsia+

Имсол маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои кишвар аз 1-уми июн ҷорӣ мегардад. Тибқи он, ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати нақлиёте, ки аз 6 тонна зиёд вазн дорад, аз соати 10-и субҳ то 19-и шом маҳдуд мешавад.

Дар ин бора аз Раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки маҳдудият бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ шуда, то 31-уми августи соли ҷорӣ идома меёбад.

Соли гузашта татбиқи маҳдудият дар роҳҳои кишвар барои ҳаракати нақлиёти гаронванз аз 1-уми май оғоз гардида буд. Манбаъ гуфт, сабаби ин тағйирот нисбатан салқин омадани ҳаво дар моҳи май аст. 

Ин маҳдудиятҳо дар кадом роҳҳо гузошта мешавад, дар баргаҳои мо бубинед:

Маҳдудият дар дигар роҳҳое мошингард, ки дар ин феҳрист ишора нашудааст, аз 8 тонна боло мебошад.

Қаблан Вазорати нақлиёт гуфта буд, ки маҳдудият нисбат ба мошинҳое, ки мусофирон, кӯмаки башардӯстона, маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда, борҳои хатарнок, калонҳаҷм, ангишт мекашонанд ва ё иҷозатномаи махсус доранд, татбиқ намешавад.

Қаблан Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ аз сифати роҳсозӣ дар кишвар нигаронӣ карда, гуфт, қисматҳои алоҳидаи роҳҳои сохташуда “хеле зуд аз кор мебароянд”.

Ӯ таъкид карда буд, ки мустаҳкамии пӯшиши роҳ аз сифати кор, технологияҳои татбиқшаванда, иҷрои дурусти амалиёти техникӣ, истифодаи дурусти маблағҳои ҷудошуда вобаста аст.

Коршиносон сабаби аслии чунин ҳолатро ба нокифоятии маблағҳои ҷудошуда аз буҷетҳои шаҳру навоҳии вилоят ва пастсифат будани масолеҳ рабт медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.