Вазорати молия: қарзи хориҷӣ ҳадафмандона идора мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор мекунад, ки қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ҳадафмандона идора мешавад. Дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзӯи «Имконоти кишвар дар такмили идоракунии молияи давлатӣ» намояндаи Вазорат Рустам Бобоев изҳор кард, ки ин масъала ҷойи нигаронӣ надорад ва ҳамааш зери назорат аст. «Ҳамасола оид ба масъалаи идоракунии қарзи хориҷӣ стратегияҳо қабул мешаванд, – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор мекунад, ки қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ҳадафмандона идора мешавад.

Дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзӯи «Имконоти кишвар дар такмили идоракунии молияи давлатӣ» намояндаи Вазорат Рустам Бобоев изҳор кард, ки ин масъала ҷойи нигаронӣ надорад ва ҳамааш зери назорат аст.

«Ҳамасола оид ба масъалаи идоракунии қарзи хориҷӣ стратегияҳо қабул мешаванд, – иброз дошт ӯ. – Дар онҳо нишондиҳандаҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҳукумат бояд риоя намояд, то ки ҳудуди муқарраршуда берун наравад».

Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон беш аз 2,3 млрд. долларро ташкил дод, ки ба 32,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Лимити ин қарз набояд аз 40%-и ҳаҷми ММД зиёд шавад.

Соли ҷорӣ барои пардохти қарзи хориҷӣ наздики 140 млн. доллар пешбинӣ гардида, боз ҷалби ҳудуди 215 млн. доллар қарзи хориҷӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.