Табодули паёмҳои табрикӣ миёни Дабири кулли СММ ва Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Дабири кулли Созмон Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Дабири кулли Созмон Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари худ баланд арзёбӣ менамояд.

«Тайи солҳои сипаришуда имкониятҳои ин минбари умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди ибтикороти умдаи дархӯри ниёзмандиҳои ҳамаи башарият, бахусус дар соҳаи об, мавриди истифода қарор дошт, – омадааст дар барқия. – Боиси қаноатмандист, ки ҳамшарикии мо бо сохторҳои фаръию махсусгардонидашуда ва агентию муассисаҳои он тадриҷан васеъ гардида, имрӯз дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор қарор доранд».

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки санаи муборак ба марҳалаи ҷадиди рушди муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорад.

Дабири кулли СММ дар барқияи худ ба ин муносибат ба унвони Президенти Тоҷикистон аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолияти Созмон изҳори сипоси беандоза карда, итминон медиҳад, ки СММ бо Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор ҳамкории зич хоҳад кард.

«Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст, – зикр мегардад дар барқия. – Ман шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад. Ман мехоҳам ба вежа ба кишвари шумо барои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдорӣ арз намоям».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.