«Истиқлол» Фарҳод Восиевро аз «Оренбург» иҷора гирифт

Ҳимоятгари дастаи футболи «Оренбург»-и Русия ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев тариқи иҷора дар тими «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии тими «Истиқлол», дастаҳои «Оренбург» ва «Истиқлол» дар бораи то мавсими тобистони соли равон дар «Истиқлол» бозӣ кардани Фарҳод Восиев созишнома ба имзо расонидаанд. Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон қаблан дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳимоятгари дастаи футболи «Оренбург»-и Русия ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев тариқи иҷора дар тими «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии тими «Истиқлол», дастаҳои «Оренбург» ва «Истиқлол» дар бораи то мавсими тобистони соли равон дар «Истиқлол» бозӣ кардани Фарҳод Восиев созишнома ба имзо расонидаанд.

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон қаблан дар дастаҳои «Сатурн», «Криля Советов», «Жемчужина-Сочи», «Шинник», «Волгар» ва «Оренбург»-и Русия бозӣ карда, санаи 4 март ба ихтиёри дастаи «Истиқлол» ҳозир мешавад.

Дар назар аст, ки Фарҳод Восиев дар ҳайати «Истиқлол» дар бозии даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бо тими «Барқчӣ» санаи 8 март бозӣ хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.