Ҷонибдории Тоҷикистону Финляндия ба густариши ҳарчи бештари муносибатҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ мешавад, ки тайи ин давра кишварҳо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ мешавад, ки тайи ин давра кишварҳо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди байнидавлатиро ба роҳ монда, ҷиҳати рушди онҳо пайгирона талош меварзанд.

«Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳарчи бештари муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар буда, таъкиди омодагӣ менамояд, ки минбаъд низ дар ин самт имкониятҳои мавҷударо мавриди татбиқ қарор диҳад», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Дар навбати худ дар барқияи Саули Вяйнямё Нийнистё ба унвон сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Финландия бесаброна таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро интизор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.