Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Назари коршиносон доир ба натиҷаҳои сафари Путин ба Тоҷикистон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Назари коршиносон доир ба натиҷаҳои сафари Путин ба Тоҷикистон

27
27

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мутмаин аст, ки зимни сафари Путин масъалаҳои мушаххаси ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ нашуд.

«Путин бо як ҳадаф ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар кард, то ки амалҳои Русия бо иттифоқчиёнаш дар минтақаро оид ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ ҳамоҳанг созад, зеро ахиран дар ин самт баъзе нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд»,- гуфт ӯ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Имзои 6 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия

Дар ҳамин ҳол, коршиноси масоили муносибатҳои Маскаву Душанбе бидуни ифшои ному насаб қайд кард, ки дар сафари Путин ба Тоҷикистон ду масъалаи мушкил дар муносибатҳои кишварҳо – узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва таъмини артиши Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимоти навтарини Русия ҳаллу фасл нашуд ва дар мавриди ин масъалаҳо шарикони стратегӣ алҳол ба ҳеҷ гунае тавофуқ ҳосил карда наметавонанд.

Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Нурулло Оқилов, боиси хушнудист, ки дар ин сафар сарони кишварҳо масъалҳои марбут ба рушди муносибатҳо дар соҳаи илму маорифро муфассал баррасӣ карданд.

«Аҳду паймонҳои Тоҷикистону Русия дар бораи густриши шабакаи мактабҳои русӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ аз Русия дар паҳнои пасошӯравӣ бесобиқа буда, Душанбе ҳамеша ҷонибдори рушди фарҳанг ва маорифи намояндагони аққалиятҳои миллӣ аст ва Маскав моро дар ин масъала дастгирӣ кард», – гуфт вакил.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сипоси Путин ба Раҳмон барои кумак дар фаъолияти пойгоҳи низомии 201

Сиёсатмадор ва журналисти маъруфи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки сафари навбатии Путин ба Душанбе гувоҳи он аст, ки Тоҷикистону Русия ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома медиҳанд.

«Ба гумонам, дирӯз Душанбе ва Маскав дар бораи ду масъала ба созиш расиданд, ки метавон онҳоро муҳим арзёбӣ кард, – мегӯяд Усмонов. – Инҳо масъалаи фароҳам овардани имтиёзҳо барои интиқоли сабзавоту меваи Тоҷикистон ба бозорҳои Русия ва масъалаи марбут ба будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия».

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳанӯз ду сол пеш раҳбарияти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар бораи нияти бо сабзавоту мева «пур кардан»-и бозорҳои Русия изҳори назар карда, вале он замон Маскав ҳеҷ вокунише нишон надода буд ва акнун дар Душанбе Путин барои сабзавоту мева аз Тоҷикистон дарҳои Русияро боз намуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маросими истиқболи Владимир Путин аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

«Ғайр аз ин, Владимир Путин изҳори умедворӣ кард, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи авфи шумори муайяни муҳоҷирони кории тоҷик, ки қаблан аз Русия хориҷ шуда буданд, аз ҷониби ҳукумати Русия дастгирӣ меёбанд», – мегӯяд коршинос.

Усмонов чунин мешуморад, ки сафари Путин ба Душанбе бори дигар собит сохт, ки дар кори мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳо аз Афғонистон, шарики асосии Русия дар минтақа Тоҷикистон аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...