Дар остонаи ҷашни 72-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мо тасмим гирифтем, ки бори дигар ҳуқуқу имтиёзҳои собиқадорони ҷанг дар Тоҷикистонро хотиррасон кунем.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд . Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.
Сол то сол шумори онҳо кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 443 нафар боқӣ мондаанд…