Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати кормнадони милитсия аз рӯи далели марги сокини Дӯстӣ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қазияи сокини ноҳияи Шаҳритуз Дӯстов Т., ки наздиконаш мегӯянд, дар натиҷаи латукӯб шудан аз ҷониби кормандони милитсия ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, дар посух бо имзои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи […]

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қазияи сокини ноҳияи Шаҳритуз Дӯстов Т., ки наздиконаш мегӯянд, дар натиҷаи латукӯб шудан аз ҷониби кормандони милитсия ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, дар посух бо имзои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Назарзода Ҳ. ба аризаи сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритуз, шаҳраки Шаҳритуз, кӯчаи ба номи Н. Хисрав-30 Давлатова М. гуфта мешавад:

«Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Шуморо дар хусуси аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳалокат расонидани Дӯстов Т. мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки ваҷҳҳои дар ариза зикргардида қисман тасдиқи худро ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо моддаи 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст».

Аммо наздикони Дӯстов Т. исрор мекунанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд бо дастрасии моддаи 143 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешуд.

Бино ба иттилои ҳимоятгари Давлатова М., дар қарори Прокуратураи генералӣ инчунин ҳодисаи аз ҷониби ҳамон кормандони милитсия мавриди ғайриқонунӣ дастгир намудан, латукӯб ва азоби руҳӣ қарор гирифтани ду сокини ноҳияи Шаҳритуз зикр карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.