Президент: миёни хонандаҳо озмунҳои чевари беҳтарин ва кадбонуи моҳир гузаронида шавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои нав ворид  карда шаванд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвари давлат  зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуд: “Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар […]

АМИТ «Ховар»

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои нав ворид  карда шаванд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвари давлат  зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуд:

“Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таълими фанни технология азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзғордориро ба роҳ монда, ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фан иловаҳо ворид намояд”.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳар шаш моҳ миёни хонандаҳо озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида, доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ғолибон бояд чораҷӯӣ шавад.

“Баргузор кардани чунин чорабиниҳо завқи хонандагонро ба касбу ҳунаромӯзӣ бештар карда, дар оянда ба рушди сайёҳӣ таъсир мерасонад ва боиси зиёд шудани маҳсулоти ватанӣ барои сайёҳону меҳмонон мегардад”, — гуфт Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат дар идомаи суханронии худ изҳор намуд, ки   аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳои Маркази миллии тестӣ соли чорум аст, ки дар кластери якум, яъне ихтисосҳои табииву техникӣ нақшаи қабул иҷро нашуда, ҳавасмандӣ ба чунин ихтисосҳои муҳим кам ба назар мерасад. “Аз ин рӯ, мо бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем”, — таъкид намуд Пешвои миллат.

Президенти Тоҷикистон  зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро мунтазам ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҳар шаш моҳ ҷамъбаст намоянд ва ғолибонро қадрдонӣ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.