Кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 1 млн. доллар

Беш аз 20 вагони кумаки башардӯстона аз Қазоқистон имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд. Арзищи умумии кумак қариб 1 млн. долларро ташкил медиҳад. Қазоқистон ба сифати кумак ба Тоҷикистон 21 вагони иборат аз орди гандум, консерваҳои гӯштиву ширӣ фиристода, вазни умумии кумаки воридшуда ба 1320 тонна баробар аст. Имрӯз дар Душанбе маросими расмии тақдими кумак […]

Беш аз 20 вагони кумаки башардӯстона аз Қазоқистон имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд. Арзищи умумии кумак қариб 1 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қазоқистон ба сифати кумак ба Тоҷикистон 21 вагони иборат аз орди гандум, консерваҳои гӯштиву ширӣ фиристода, вазни умумии кумаки воридшуда ба 1320 тонна баробар аст.

Имрӯз дар Душанбе маросими расмии тақдими кумак ба Тоҷикистон доир гардида, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов бору маҳсулотро ба ихтиёри директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурд.

– Қазоқистон ҳамасола ба Тоҷикистн кумаки башардӯстона мефиристад, ки барои ин мо аз ҳукумати ин кишвар хеле миннатпазирем, – изҳор дошт Зиёдуллоев. – Ҳамаи ин маҳсулот ба тавозуни Агентии мо ворид гардида, сипас мо дар бораи қабули кумак санад таҳия мекунем ва онро ба ҳукумат мефиристем. Қарори ба киҳо таъин шудан ин кумакро Комиссияи ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии шахсии Президент қабул мекунад.

Зиёдуллоев қайд кард, ки кумаки башардӯстона аз Қазоқистон маъмулан байни ҷабрдидагону осебдидагон аз офатҳои табиӣ тақсим карда мешавад.

– Ҳақиқатан ҳам Қазоқистон ҳар сол ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мефиристад, – гуфт Сейтимов. – Мо офатҳои табииро, ки Тоҷикистон ба онҳо хеле осебпазир аст, пайгирӣ мекунем ва дарк мекунем, ки ҳангоми ин офатҳо аҳолӣ ба мушкилоти зиёд дучор мешавад. Кумаки мо ба мардуми тоҷик аз самими қалб аст.

Зикр гардид, ки танҳо дар соли 2015 Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи 4,7 млн. доллар ё худ 9,5% аз ҳаҷми умумии ёрии башардӯстона кумак кардааст. Соли гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи умумии 873 ҳазор доллар кумак ворид гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.