Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорони пойтахт ваъда доданд, ки нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал боло намераванд. Гузориши мо нишон дод, ки нархҳо (дар баъзе ҳолатҳо) якбора ду баробар зиёд шуданд. Чунин гузоришҳоро мо ҳар ҳафта – рӯзҳои душанбе давоми як моҳ таҳия мекунем ва дар натиҷа ба хулосае хоҳем расид, ки то чӣ андоза зиндагиамон дар моҳи Рамазон қимат (ё арзон) шудааст.
Қобили зикр аст, ки нархҳо дар минтақаҳои кишвар хеле зиёд фарқ доранд, аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба «воридкунанда»-и асосии маҳсулоти кишоварзӣ будани шаҳри Душанбе, мо танҳо нарҳо дар пойтахтро зикр мекунем.