Гурӯҳи бостоншиносони Тоҷикистону Олмон дар деҳаи Хушдилон (Торбулоқ)-и ноҳияи Данғара корҳои ҳафриёти бостоншиносии ёдгории таърихии асри III–и то мелодро мегузаронанд.
Хабарнигорони «Азия-Плюс» дар макони баргузории ин корҳо шоҳиди дарёфти боқимондаҳои қабрҳо гардиданд. Ҷасадҳо дар гӯр ба монанди қабрҳои мусулмонӣ дар лаҳад гузошта шудаанд, ки девори он бо сангҳои калон пӯшида шудааст.