Президенти ИМА Доналд Трамп рақами телефони ҳамроҳи худро ба як қатор раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дода, пешниҳод кардааст, ки бо ӯ бевосита тамос гиранд. Ин амали Трамп нақзи протоколи дипломатӣ буда, хадамоти махсуси Амрикоро нигарон кардааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The Washington Post, то ҳол рақамҳои телефони ҳамроҳи Трампро президенти Мексика ва сарвазири Канада дарёфт карда, дувумӣ ба воситаи он аллакай тамос гирифтааст. Намояндаи Порис ба нашрия гуфтааст, ки раҳбарони Фаронса ва ИМА низ шумораҳои телефони ҳамроҳи худро ба якдигар додаанд.
Манобеи The Washington Post гуфтаанд, телефони ҳамроҳи Трамп ҳар навъе ҳам бошад ва дар кадом бинои амне суҳбат кунад, хадамоти махсуси дилхоҳ кишвари дӯсту душман метавонад гуфтугӯи ӯро сабт намояд.
Президент Трамп дар маъракаи интихоботӣ рақиби худ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтонро танқид карда буд, ки барои фиристодани ҳуҷҷатҳои хидматӣ аз почтаи электронии шахсӣ ва ноамн истифода кардааст.