spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти мухолифони буридани дарахтҳо дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон як гурӯҳ аз фаъолони маданӣ ва шаҳрвандон зидди буридани дарахтҳо дар кӯчаи Токтоналиеви ин шаҳр даст ба тазоҳурот заданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, фаъолон дар роҳ нишаста, аз шаҳрдории Бишкек талаб карданд, ки буридани дарахтонро қатъ кунад. Ба гуфтаи онҳо, ин амали шаҳрдорӣ барои васеътар кардани роҳҳо ғайриқонунӣ буда, ба муҳити зист осеб мерасонад.

Шаҳрвандон аз шаҳрдори пойтахти Қирғизистон Албек Ибраимов даъват карданд, ки ба маҳалли буридани дарахтҳо омада, зарурати ин иқдоми худро шарҳ диҳад.

Кормандони пулис аз эътирозгарон хостанд, ки роҳро холӣ кунанд, вале онҳо рад карданд. Дар натиҷа 10 тани онҳо боздошт ва ба шуъбаи умури дохилии Якуми майи пойтахти Қирғизистон интиқол дода шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шоҳбулутҳо аз Белгия ба ҷойи чинорҳои Душанбе

Сокинони маҳаллӣ шикоят доранд, ки пулис ба ҷои ҳимоят аз мардум, ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад. "Мардуму муҳити зистро фикр кунед. Бе ин ҳам дар шаҳр кабудизор намондааст", – гуфт яке аз сокинони Бишкек.

Муовини шаҳрдори Бишкек Боқид Дюшембиев, ки дар маҳалли тазоҳурот ҳузур дошт, дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, бунёди ин роҳ ҳоло хеле зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, миёни хиёбонҳои "Мир" ва "Советский"-и Бишкек бояд роҳе боз карда шавад, чун онҳо хеле сермошинанд.

"Барои бунёди ин роҳ танҳо 143 дарахт бурида мешавад, ки ба ҷои онҳо дарахтони нав хоҳем шинонд", – изҳор дошт Дюшембиев.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...