Доналд Трамп, президенти ИМА пешниҳод кард, ки қоидаи дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" (Green Card) тағйир ёбад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай ҳамроҳ бо ду сенатори дигар лоиҳаеро бо номи The RAISE таҳия кардааст, ки бар асоси лоиҳа лотерея ҳангоми дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА бекор карда мешавад.
Гуфта мешавад, бар асоси низоми пешниҳодии Трамп, бартарият дар навбатпоии "корти сабз" ба он муҳоҷироне дода мешавад, ки сатҳи забондониашон баланд аст, даромади хуб ва инчунин касби барои Амрико серталаботро доранд.
Зикр мегардад, ки президент низоми кунунии "корти сабз"-ро танқид кард. Вай гуфт, низоми кунунӣ боис шуд, ки "муҳоҷирони зиёде бо сатҳи ками даромад вориди ИМА шуда", дар натиҷа аз давлат кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд.
Низоми ҷории дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА соли 1990 қабул шуда буд. Тибқи тартиботи кунунӣ, "корти сабз" бар асоси лотерея дода мешавад. Шаҳрвандони кишварҳое, ки шумори ками сокинонашон дар ИМА муҳоҷир ҳастанд, ҳақ доранд, дар он лотерея ширкат варзанд. Ҳамасола наздики 50 ҳазор одам бо дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" ҳаққи истиқомат ва корро дар ИМА соҳиб мешаванд.