"Толибон" 235 асирро дар деҳаи дурдасти шимоли Афғонистон озод кард. Ин сокинон дар ҳамлаи 8 август, ки он замон 50 сокини осоишта кушта шуд, ба асорат афтода буданд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндаи вилоят Забеҳулло Амонӣ гуфтааст, шаби 8 август 235 одам, бо шумули занону кӯдакон, бо миёнаравии сардорони қавм ва мақомоти маҳаллӣ аз Мирзо Олан озод шуданд. "Асирони озодшуда ба шаҳри Сари Пул интиқол дода шуданд. Дар ҳоли ҳозир чанд одами дигар дар асорат аст, мо дақиқ намедонем", – иброз доштааст ӯ.
Мақомоти интизомии Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар Мирзо Олан наздики 100 тани дигар дар асоратанд. Ин деҳа дар ҳудуди ноҳияи Сари Пул ҷойгир аст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта аз сӯи ҷангҷӯён ғасб шуд.
Бар пояи иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷангҷӯёни "Толибон" ва ДИ, ки гоҳ-гоҳе ҳамлаҳои муштарак баргузор мекунанд, 5 август наздики 50 сокини осоиштаро бо шумули занону кӯдакон аз ҳисоби аҳолии шиамазҳаб қатл карданд.
Ин ҳодиса баъди задухӯрди дурӯзаи ҷангҷӯён ва мақомоти интизомии маҳаллӣ сурат гирифт. Ҷангҷӯён 150 хонаводаро асир гирифтанд.