Рекс Тиллерсон, котиби давлатии ИМА, шоми 22 август гуфт, ки Кремл ба намояндагони ҳаракати Толибон дар Афғонистон аслиҳа медиҳад. Ин ҳаракат аз сӯи СММ террористӣ эътироф шудааст.
"Русия ба толибон аслиҳа медиҳад. Возеҳ аст, ки ин нодида гирифтани меъёрҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои Шӯрои Амнияти СММ аст. Мо бе чуну чаро ба ин кор зиддият мекунем ва таваҷҷуҳи Русияро ҷалб кардан мехоҳем. Агар ҳар кӣ мехоҳад ба Афғонистон аслиҳа диҳад, бояд ин корро тавассути ҳукумати он кишвар ба иҷро расонад", – афзудааст Тиллерсон.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, котиби давлатии ИМА гуфт, ки кишвараш аз гуфтугӯҳои Кобул бо толибон барои қатъи ҷанг дар минтақа пуштибонӣ мекунад. Ҳатто дар сурате, ки ба толибон пирӯз шудан имкон надошта бошад, роҳи ҳалли сиёсӣ пайдо хоҳад шуд, гуфт вай.
Дар бораи он ки Русия дар Афғонистон фаъолона амал мекунад, ибтидои соли ҷорӣ хабар расид. Он замон вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, "Толибон" – дар Афғонистон нерӯе ҳастанд, ки бояд мадди назар бошанд ва ба ин тартиб қонунӣ будани ин сохторро эътироф кард.
Вазорати хориҷии Русия то ин замон ба гуфтаҳои Тиллерсон вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин низ Кремл додани аслиҳаро ба толибон рад мекард. Аммо Русия ба ҳукумати Афғонистон силоҳ медиҳад.