Қадрдонии раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон бо ҷоизаи Сахаров

Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев дар бахши "Барои шуҷоъат" бо ҷоизаи ба номи ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, Матаев барои дарёфти ин ҷоиза ҳуҷҷат пешниҳод накардааст, эътои ҷоиза комилан ташаббуси худи ташкилкунандагон аст. Гуфта мшавад, ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев дар бахши "Барои шуҷоъат" бо ҷоизаи ба номи ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, Матаев барои дарёфти ин ҷоиза ҳуҷҷат пешниҳод накардааст, эътои ҷоиза комилан ташаббуси худи ташкилкунандагон аст.

Гуфта мшавад, ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров – ин мукофотест, ки ба рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ ба хотири "ошкорбаёнӣ", ҳифзи мавқеъ ва фаъолияти ҳуқуқӣ, инчунин ба матлабҳое, ки вокуниши тунд ба бор овардаанд, дода мешавад.

Миёни ҳайати ҳакамон рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва нависандагон, аз ҷумла барандаи ҷоизаи "Нобел" Светлана Алексиевич ҳастанд. Пештар рӯзноманигор рус Анна Политковская, инчунин Радиои Озодӣ ва нашрияи русии "Новая газета" бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Саидқозӣ Матаев соли 2016 бо айби "дуздӣ"-и пулҳои буҷа шаш сол зиндонӣ шуда, охири соли 2017 шартан аз зиндон озод гашт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.