Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сафари дурӯзаи давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад. Ба Бишкек ӯ бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байнулмилалии «Манас» онҳоро президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев бо ҳамсараш Раиси Атамбоева истиқбол намуданд.
Акси Раиса Атамбоева ва Зироатхон Ҳошимова, ки аз назди қаровули фахрӣ мегузаранд, дар шабакаҳоииҷтимоӣ мавриди баррасии хеле зиёд қарор гирифт. Корбарон зикр мекунанд, ки ҳарду занон хеле зебо ва хушсалиқаанд.
Сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Қирғизистон ду рӯз идома ёфта, дар барномаи сафар гуфтушуниди хоссаи сарони кишварҳо ва ҳайатҳои васеи ҳукуматҳои ҳарду давлат дар назар аст.