Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбари куштори сокини шаҳри Турсунзода Марҷона Шерхоноваи 20-сола хабар дод.
Дар гузориши барномаи телевизионии «ВКД Ахбор» қайд шуд, ки дар ин куштор сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Иброҳим Муминов гумонбар дониста шуда, дар заминаи рашк ба ин амал даст задааст.
Гумонбар ҳикоят мекунад, ки духтарро хеле дӯст медошту, зиёд рашк ҳам мекард. Санаи 14 ноябр тасмим мегирад, ки ӯро кушад. Бо ин мақсад 190 дона доруи димедролро дар як шишаи об омехта, баъди бастани дасту пои духтар, дар дохили автомашинаи бетоншӯрии «Нов» онро маҷбуран ба духтар мехӯронад, ки дар натиҷа маъшуқааш аз заҳролудшавӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҷасади духтарро кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи бетоншӯрӣ пайдо карда буданд.