Мо нақшаи равуои нақлиёти ҷамъиятиро тариқи роҳҳои ҳамшафати наздикии ин мавзеъ таҳия намудем.
Дар робита ба оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа аз 26 феврал ҳаракати нақлиёт тавассути чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қатъ шуда, нақлиёти ҷаъиятии бо ин роҳ равуодошта акнун бо роҳҳои ҳамшафати ин мавзеъ ҳаракат мекунад.
Айни замон ҳамаи хатгардҳо (маршруткаҳо) ва автобусҳо ин чорроҳаро дар ду самт давр зада мегузаранд.
Аз ҷониби маҳаллаи Профсоюз ба маҳаллаи 82-юм ва дар идома нақлиёти ҷамъиятӣ бо кӯчаи Шамсӣ гузашта, баъди пул ба дасти чап мегардад. Бо ин самт маршруткаҳои №25, 52, 17, 15 ва автобуси №37 ҳаракат мекунанд.
Маршруткаҳои №19 ва 54 бошанд, аз назди бинои Прокуратураи генералӣ гузашта, ба дасти рост, ба самти маркази савдои «Ёвар» мегарданд ва минбаъд ба сӯи Кӯли ҷавонон рафта, ба хатсайри мукаррарӣ мебароянд.
Автобус ва маршруткаҳои №8-и хатсайри Зарафшон – фурудгоҳ бо роҳи шаҳраки Меҳробод (Калинин) ҳаракат карда, тариқи роҳи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Боғи ҳайвонот ба хиёбони Исмоили Сомонӣ мебароянд.
Аз бозори «Шому саҳар» дар маҳаллаи Қарияи Боло автобуси №26 ва троллейбуси №10 ба самти Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ҳаракат мекунанд.
Трллейбуси №12 мусофиронро аз хиёбони Сино ба самти маҳаллаи Профсоюз мерасонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.