Муассиси ширкати Facebook Марк Зукерберг рӯзи сешанбе дар порлумони Аврупо суханронӣ кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин суҳбати ӯ бо вакилони аврупоӣ ба масаъалаи ифшои маълумоти шахсии корбарони Фейсбук ба воситаи ширкати Cambridge Analytica бахшида шуд. Ин ширкат авлавиятҳои раъйдиҳандагонро омӯхта, аз он дар маъракаҳои пешазинтихоботии ИМА дар соли 2016 истифода кард.
Аз Зукерберг дар бораи монополияи Фейсбук дар бозори шабакаҳои иҷтимоӣ, мутобиқати қонунгузории Амрикову Аврупо дар бахши ҳифзи маълумоти шахсӣ, озодии баён ва масъулияти соҳиби шабакаи иҷтимоӣ барои сӯистифодаи як корбар зидди корбари дигар пурсида шуд.
Зукерберг пештар дар назди вакилони Конгресси Амрико дар Вашингтон суханронӣ карда буд. Ӯ ба вакилони аврупоӣ низ гуфт, ширкати вай дар бахши амнияти иттилои шахсии корбарон кӯтоҳӣ кард ва ҳоло тимаш бо ҳалли ин мушкил машғул аст.
Рӯзи сешанбе, дар пешорӯи суханронии Зукерберг дар порлумони Аврупо поинравии арзиши саҳмияҳои ширкати Фейсбук мушоҳида шуд.